14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Сейсмограф, Акс аз бойгонӣ

Дар сарҳади ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва Афғонистон замин ҷунбид

© Flickr/ Ray Bouknight
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Маркази заминларза дар масофаи 33 километрии ноҳияи Ишкошими ВМКБ воқеъ шудааст. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 4,5 балротташкил дод

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар қисмати шимолии Афғонистон заминларзаи 4,5 баллӣ ба қайд гирирфта шуд.

Ларзиши замин дар минтақаи системаи кӯҳии Ҳиндукуш ба қайд гирифта шуд. Маркази заминҷунбӣ дар умқи 225 километрӣ ҷойгир шудааст, хабар медиҳад маркази зилзиласанҷии Аврупо.

Маркази заминларза дар масофаи 33 километрии ноҳияи Ишкошими ВМКБ ва 27 километрии Ишкошими Афғонистон ҷойгир шудааст.

Ин ҳодисаи аввалини ларзиши замин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ набуда, чанде қабл дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон заминҷунбӣ бо қувваи 6,9 бал ба қайд гирифта шуд. Заминларза такроран бо қувваи 5 бал дар сарҳади Чин, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амал омад буд.

Мавзуъ

МЧС: дар Қирғизистон дар давоми ду рӯз 29 маротиба замин ҷунбид
Барчаспҳо:
4,5 бал, заминҷунбӣ, маркази зилзиласанҷӣ, ноҳияи Ишкошим, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ