03:23 01 майи 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Шри-Ланка

Раҳмон бо сарвазири Шри- Ланка бори дигар аз вазъи сиёсии Афғонистон ёдовар шуд

© Flickr/ официальная страница пресс-службы президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викремесингҳ мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik.Зимни суҳбат президенти Тоҷикистон ва сарвазири Шри-Ланка  дар бораи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва вазъи кунунии ҷаҳони муосир, Афғонистон ва терроризму экстримизм сӯҳбат намуданд, хабар медиҳад хабамоти матбуоти президент.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳо табодули афкор намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави дуҷониба дар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Шри-Ланка нақши муҳим бозида ба таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри-Ланка оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию байналмилаӣ, вазъи ҷаҳони муосир, амнияту суботи минтақа вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии Афғонистон ва муборизаи бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ибрози ақида намуданд.

Барчаспҳо:
сӯҳбати ҷонибҳо, Ранил Викремесингҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Шри-Ланка

Мавзӯъҳои асосӣ