01:19 26 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд

Ба кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Ба кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд. Ҳар як тӯҳфа аз 28 номгӯи ширинӣ ва маҳсулоти қаннодӣ иборат буд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. ҶСК "Сангтуда-1" дар арафаи Соли нав  барои кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои дурдасти кишвар  аксияи хайриявӣ доир намуд.

ҶСК "Сангтуда-1" дар якҷоягӣ бо ташкилоти хайриявии "Деревня мира" ба кӯдакон тӯҳфаҳоро тақдим кард.

Ба ташкилоти хайриявии "Деревня мира" (Деҳаи ҷаҳон) волидони кӯдакони маъюб барои табобат муроҷиат мекунанд. Ташкилоти хайриявӣ  дар навбати худ кӯдакони маъюбро соле ду маротиба барои ҷарроҳӣ ба Олмон равон мекунад. Ва аз Олмон барои кӯдакон дору меорад.

Дар байни кӯдакон, ки соҳиби тӯҳфаҳои солинавӣ гардиданд, Муҳибулло Олимови 5-сола низ қарор дорад. Ӯ то  панҷсолагӣ аллакай ҳафт ҷарроҳиро аз сар гузаронидааст: панҷ ҷарроҳӣ дар шаҳри Душанбе ва ду маротиба дар Олмон. Бори нахуст ӯро дар синни думоҳагӣ ба бемористон оварданд. Ин ҳодисаро, ки 18 декабри соли 2011 ба вуқӯъ пайваст падари Муҳибулло ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад.

"Замоне, ки  воқеа рух дод ман дар ҷои кор будам. Ҳамсарам занг зада дар бораи воқеа гуфт. Намедонам чӣ тавр то хона расидам. Рӯз бевақт шуда буд. Барқ набуд. Аз нақли ҳамсарам ӯ мехост шамъ даргиронад ва дар ҳамин лаҳза писари калонӣ ба ҳоҷатхона хост. Замоне, ки ҳамсарам бо писари калонӣ саргардон мешавад, шамъ дар хонаи кӯдакон аз боло афтида ба матои синтетикии гаҳвораи Мабибуллоҳ меафтад ва дар мегирад",-ба ёд меорад ӯ.

  • Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд
    Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд
    © Sputnik
  • Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд
    Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд
    © Sputnik
  • Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд
    Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд
    © Sputnik
  • Детям-инвалидам в Душанбе раздали подарки к Новому году
    Детям-инвалидам в Душанбе раздали подарки к Новому году
    © Sputnik
1 / 4
© Sputnik
Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд

Мато даррав оташ гирифта, рӯй, сар ва гардани писар пурра сӯхт. Дар беморхона табибон барои саломатии кӯдак кафолат надоданд. Ҷарроҳии аввал хуб гузашт.

Табибон ба Ёқуб маслиҳат доданд, ки ба такшилоти хайриявии "Деревня мира" муроҷиат намояд. Намояндагони ташкилот кумакашонро дареғ надоштанд. Дар давоми панҷ сол писарро ду маротиба ба Олмон фиристоданд.  Ӯро дар Олмон ҷарроҳӣ карда пӯсти пояшро ба ҷои пусти руяш гузоштанд.

Ба қавли Ёров Сафар роҳбари ташкилоти "Деревня мира" дар давоми 15 сол ташкилот ба 700 кӯдаки маъюб ёрӣ додааст.

Мавзуъ

“Кӯдакони офтобӣ” ҷашни худро дар Душанбе қайд карданд
Барчаспҳо:
ҷарроҳӣ дар Олмон, кӯдакони маъюб, тӯҳфаҳои солинавӣ, ҶСК Сангтуда-1, Деревня мира, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ