17:57 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19510

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти  раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмии кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Қоҳир Русулзода, Озода Эмомалӣ ва дигарон гусел намуданд, омадааст дар хабар.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
иҷлосия, сафари президент, Руҳмон, Путин, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ