00:22 25 феврали 2017
Пахши мустақим
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Раиси шаҳр аз либоси сайру гаштии душанбегиҳо нигарон аст

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
294 0 0

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рафти ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ аз одобу ахлоқ ва фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт изҳори норозигӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  зимни  ҷаласаи васеъ аз тарзи либоспӯшии сокинони шаҳр изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.

Ҳамин  тавр дар ҷаласа раиси шаҳр нисбати нокифоя будани тадбирҳои роҳандозишуда оид ба таъмини  риояи одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ диққати махсус дод.

Манбаъ хабар медиҳад, ки  Маҳмадсаид Убайдуллоев бахусус то ҳол аз ҷониби бархе аз сокинон фарқ нагузоштан байни либоси хонагӣ ва либосҳои ҳамарӯза баҳри сайру гашт дар боғҳои фароғатию ҷойҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ намуда, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кард, ки дар ин самт чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро муассиртар татбиқ намоянд.

Ҳамчунин дар бастагӣ бо эълон шудани соли 2017 аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чун "Соли ҷавонон", раиси шаҳр ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон фармон дод, то ҷиҳати баланд бардоштани  масъулият ва нақши ҷавонон барномаи мушаххаси хусусияти касбидоштаро таҳия намояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори махсус қабул кард.

Тиқби қарори нав раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор мешаванд, то сомонаҳои интернетии худро ҳамешагӣ фаъол намуда, сари вақт ба муроҷиатномаҳои шаҳрвандон ҷавоб диҳанд.

Мавзуъ

Шарҳи ҳоли Маҳмадсаид Убайдуллоев
Барчаспҳо:
фарҳанги шаҳрдорӣ, нигаронии раиси шаҳр, тарзи либоспӯшӣ, шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе