17:32 24 феврали 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Азимов, акс аз бойгонӣ

Гуфтушуниди Раҳмон бо Азимов: роҳ, барқ, сарҳад ва раводид

© Flickr/ официальная страница пресс-службы президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26020

Тоҷикистон ҷонибдори беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ бо Ӯзбекистон аст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.

Сарвари давлат  ташрифи Азимовро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар рушди  муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуд, менависад манбаъ.

Президент изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз барқарор гаштани хатсайри ҳавоӣ хушнуд гардидаст ва хостори дар оянда дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ мебошад.

Аз ҷумла масоили бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мавзӯи гуфтушуниди ҷониби ду кишвар гаштанд.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Тавре таъкид гардид, пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз сад санади ҳамкориро дар бар мегирад, ки татбиқи амалии онҳо барои ҳар ду кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешавад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

Барчаспҳо:
Вохӯрии ҷонибҳо, Рустам Азимов, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон