Соли нав ё Наврӯз: Чаро Соли нав шукӯҳашро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевАрчаи солинавӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
Арчаи солинавӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар масъалаи таҷлили Соли нав ақидаҳои гуногун ба чоп расидаанд. Бо баробари ин ба назар мерасад, ки ин ид дар Тоҷикистон то рафт шукӯҳашро гум мекунад. Зеро қисме аз ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон дигар таҷлили Соли навро дуруст намешуморанд ва ба ин далелҳои гуногун меоранд

Sputnik Тоҷикистон ҳам дар арафаи Соли нав назари чанд тан аз намояндагони фаъоли ҷомеаи Тоҷикистонро дар ин замина пурсид, ки дар зер пешкаши хонандаҳо кардем.

Шумо Соли навро ҷашн мегиред?

Шоира, зани муҳоҷир: Ман соли навро қайд мекунам, аммо имсол арча оро намедиҳам,  зеро дар хона арча надорем,  барои харидан маблағи зиёдатӣ сарф карданӣ нестам.

Некрӯз Насибҷонзода, соҳибкор дар Тоҷикистон: Ман Соли навро ҷашн намегирам. Зеро ин ид ба дини мо ягон робита надорад. Асли пайдоиши Соли нав аз даврони бисёрхудоӣ  мондааст. Арчаро оро додан ҳам аз ҳамон давру замон аст, ки одамон дар фасли зимистон сабзии арчаро дида хурсанд шуда, онро ба ҳайси Худои худ қабул мекарданд ва ба наздаш тӯҳфаҳо мегузоштанд. Аслан ҷашн гирифтани он шояд гуноҳ набошад. Фикр мекунам ҳамааш ба нияти худи инсон вобаста аст. Лекин беҳтараш аз анъанаҳои бегона дур шавӣ. Ман Соли навро ҳамчуни иди байналмиллалӣ қабул дорам. Аммо дастархон намеороям ва интизор намешавам. Бо оилаи худ кӯшиш дорам, ки ин гуна хурсандиҳоро дар ду иди ислом- Қурбон ва Рамазон ба анҷом диҳам ва дар хотири фарзандонам низ маҳз ҳамин рӯзҳо боқӣ монанд. Зеро дар хурдӣ, мо Соли навро интизор мешудем, ҷашн мегирифтем ва арча оро медодем. Тоҷикистон давлати мустақил аст ва Соли навро қайд кардан ҳамчун шаҳрванд ягон маҷбурӣ надорад.  Аммо дар Соли нав метавонам назиконамро табрик кунам.

Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО ҶТ:  Соли навро албатта ҷашн мегирам, соли нав бо вуҷуди он ки рузи таваллуди Исои Масеҳ аст, оғози соли нави мо аз рӯи тақвим аст. Зид гузоштани он бо Наврӯз амали оқилона нест,  чун Навруз соли нави аҷдодии мост ва то ҳол натавонистааст оғози соли нави таквимӣ шавад.

Эркин Боймуродов, муҳоҷир дар Русия: Албатта ман соли навро ҷашн мегирам, зеро соли нав дар як сол як маротиба меояд, ҳарчанд аз падару модар ва наздикон дур ҳастам  кӯшиш мекунам, ки дар муҳоҷират низ бо хурсандӣ ин идро ҷашн гирам.

Арчаи солинавӣ дар майдони Дӯстӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арчаи асосии солинавии Тоҷикистонро рӯзи душанбе оро медиҳанд

Беҳрӯз Чилаев, муҳоҷири тоҷик дар Олмон: Не, ҷашн намегирам, чун мо мусалмонем ва Соли нав бастагӣ ба худи мо надорад. Зеро ин мустақиман ба дини мо ва шариъати он бастагӣ надорад.  Ва дар ин шакке нест, ки ҷашн гирифтани рузи аввали соли мелодӣ аз нигоҳи Ислом дуруст нест ва он мухолифати бо  шариъати исломӣ дорад. Табрик кардан ҳам дуруст нест. Мо аз нигоҳи дин далелҳои зиёд дорем, ки ин ҷашнро қайд кардан ҷоиз нест.

Аъзамшоҳи Шрговадӣ, шаҳварнди Тоҷикистон: Соли нави исавиро ҷашн намегирам. Яъне бо оростани дастархону арчаи соли навӣ ва бо интизории Бобои барфӣ ва Барфак. Аммо ҳамчун соли нави 2017-уми исавӣ онро қабул дорам. Зеро ин як солшумориест, ки аксари кишварҳои олам аз он истифода мекунанд ва Тоҷикистон низ баъд аз замони забти русҳо ба хусус дар даврони Шуравӣ тамоми нақшаву корҳои давлатӣ ва ба расмият дарории ҳуҷҷатҳоро аз ин солшуморӣ истифода мекунад. Бинобари ин то ҳанӯз мо дар қайди ин солшуморӣ гирифторем ва баръакси он аз солшумории шамсии ҳиҷрӣ ва қамарии ҳиҷрӣ, ки хоси фарҳангу дини мо мебошанд, огоҳ нестем. Аз қадимулаём ниёгони мо бо ду солшуморӣ — ҳиҷрии қамарӣ, ва ҳиҷрии шамсӣ кору фаолият мекарданд, ки аз фарҳангу аз дини мо мебошанд. Аз ин рӯ барои ман соли нав Наврӯз —  мебошад, ки хоси мардуми мост ва арзиши фарҳангии бештаре дорад.

Одил Ҳакимов, муҳоҷири тоҷик дар Русия: Соли навро ҷашн мегирам. Ҳамроҳи оилаамон якҷоя мо ҷашн мегирем ва ба хотири фарзандонам арча ҳам оро медиҳам. Баъзеҳо мегӯянд, ки барои мусулмонон ҷашн гирифтани Соли нав дуруст нест, аммо ба фикр онҳо Соли навро бо "Раждество" фарқ карда наметавонанд, ки он иди мазҳабии насрониҳо аст ба фикри ман, ҷашни Соли нав бошад дигар- сол нав мешавад ва мо як сол калонтару пуртаҷрибатар мешавем.

Арчаи солинавӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Соли нав тоҷикистониён се рӯз истироҳат мекунанд

Султон Рустамзод, муҳоҷири тоҷик: Ман Соли навро ҷашн намегирам, зеро аз рӯи шуниди ман ҷашн гирифтани он ба мусулмонон дуруст нест, ба болои ин вақт ҳам надорам, зеро шубу рӯз кор мекунам.

Матлуба Холматова, муҳоҷир: Ҳар сол ҷашн мегирем, имсол ҳам ба мисли анъана ба фикрам ҷашн мегирем, лекин арча надорам ва намехоҳам пули зиёдатӣ сарф карда онро харам.

Сайфуллои Мулоҷон, доктори илмҳои таърих, Ман аҳли шаробу кабобу базму зиёфат нестам ва бо он шакле ки ҷашн мегиранд ва арчаро музайян месозанду мерақсанд ва тост мегӯянд ҷашне барпо намекунам. Аммо бо баҳонаи ин ҷашн ҳатман азизонамро хабар мегирам, дӯстону ошноёне дар Тоҷикистон ва хориҷро, ки барояшон ин рӯз ҷашн аст, табрик мекунам. Азбаски фарзандони хурдсол дорам ва онҳо интизор доранд ки барояшон ҳадяи солинавӣ диҳам, ин корро ҳам мекунам. Ин рӯз ба Исои Масеҳ рабт дода мешавад, ки пайғамбари мо мусулмонон ҳам ҳаст. Соли нави расмии мо ҳамин сол аст. Бештари ҷаҳони мутамаддин бо ин рӯз солро нав мекунад. Ба назари ман, дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ матраҳ кардани ин баҳс, ки ин ид аз мо нест, чандон муносиб нест. Ман таҷлил намекунам, вале қисме аз ҷомеаи Тоҷикистон бар асари тарбия ёфтан дар замони Шӯравӣ ин фарҳангро қабул кардаанд ва маҳрум кардани онҳо аз ин ҳаққ раво нест.

Назари коршиносон:

Тоҳир Қаландаров, номзади илҳои таърих АИР: таҷлили Соли нав барои ҷомеи Тоҷикистон идест, ки бо пайдо шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишвар қадам ранҷа намудааст. Замоне, ки Иттиҳоди Шӯровӣ пош хӯрд, идеологияи мардум дигар шуд ва ин ид  шукӯҳу шаҳоматашро гум кард.

Сабаби дуввуми шукӯҳи худро аз даст додани Соли нав дар Тоҷикистон он дар аст, ки қисми зиёди аҳолии кишвар мусулмон ба шумор мераванд, аз ҳамин ҷиҳат,  мувофиқи диди худ Соли навро инкор мекунанд. Ҳарчанд намояндагони дини Тоҷикистон расман ҷашн гирфитани Соли навро ҳаром эълон накунанд ҳам, албатта ҳастанд нафароне, ки  дар нишстҳои якҷоя ба мардум мегӯянд- ҷашн гирифтани Соли нав аз нигоҳи ислом  дуруст нест.

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва ҳамасола ҷашни Наврӯзоро бо шукӯҳ ҷашн меград ва шояд як қисми ҷомеаи тоҷик ҷонибдори он бошад, ки Соли нав барои онҳо ҷашни Наврӯз шавад.

Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

Сайидмукаррам Абдулқодирзрода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон: ҳамчуноне ки  бисёре аз давлатҳои исломӣ ва ғайриисломӣ идҳои давлатии хоси худро доранд, ҷашни Соли нави ҳам ба монанди ҳамон аст. Яъне ҷашни динӣ нест вале ҳамчун як шурӯъшавии сол ҷашн гирифтан мумкин аст. Ба мақсаде, ки бо як нерӯи ҷадид, бо як таҷдиди назар соли навро интизор мешаванд ва пешвоз мегиранд.  Ё ин ки ба мисли бисёре аз давлатҳои форсизабон, ки ҷашни Наврӯзро ба ҳайси соли нави худ қарор додаанд- айнан Соли нав ҳам ҳамин аст.

Мувофиқи шариати исломӣ ҳар иде, ки он ба ақидаи исломӣ ва ба шариати ислом ё ин ки ба фармудаҳои Худованд ягон мухолифат, надорад метавон ҷашн гирифт.

Хусусан дар мазҳаби имом Ҳанифа- ҳар урфе, ки ба шариати исломи муқобил ва мухолиф нест, аз нуқтаи назари илми боке надорад, яъне кори гуноҳе нест ба монанди он, ки  бисёре аз давлатҳои исломӣ, ки ба ғайр аз Иди Қурбон ва Рамазон идҳои дигари худро доранд. Дигар идҳои давлатиро ҷашн гирифтан  маънои онро надорад, ки он  сад дар сад мухолифи ислом аст. Ҷашни соли нав ҳам ҳамин аст ва урфу одати давлатҳои исломӣ ҳам шудааст, зеро ҳамзисти бо намояндагони динҳои дигар ба он сабаб шудааст.

Дар ислом таъкид дар он аст, ки ҳар маросим ва ҷашне ки дар он муқобилият ва мухолифият ба дини ислом нест ва дар он сарфу исрофу ҳарому ҳараҷ ба назар намерасад, яъне маъситяту гуноҳ нест, дигар мушкилие нест, агар ин чизҳо ба назар расад аниқ ҷашн гирифтани он ҳаром аст.

Оростани дастархон ва тӯҳфа масъалаи мушкил нест ин ба ислом мухолифат надорад. Дар масъалаи оростани арча бошад, модоме ки таҷлилкунандагон ба он ибодат накунанд мушкие нест, агар дар гирди он ният кунанд, пас ин амал манъ карда шудаст.

Наврӯз ва Соли нав аз  назари ислом баробар аст- назари ислом ин аст- ҳар ҷашне, ки дар он фисқу фасод нест ва масраф нест роиҷ аст.

Шамил Аляутддинов, намояндаи динии Русия, имом хатиби масҷиди ёдгории  Маскав:дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон дар бораи ҷоиз набудани таҷлили Соли нав ва табрик намудан бо он  бисёр маълумот пайдо кард. Аммо дар баробари ин  дар бораи манъ будани он далелҳои гуногун, аз ҷумла аз таърихи пайдо шудани ин ид меоранд(маълумотҳо гуногунанд). Маъмулан менависанд, ки як вақтҳо ин ид-  иди даврони ҷоҳилият ё будпарастӣ буд, барои ҳамин ҷашн гирифтани он дуруст нест. Аз як нуқтаи назар дуруст аст- мусулмонон идҳои даврони будпарастиро ҷашн намегиранд. Аз нигоҳи дигар бошад бояд ба назар гирифт, ки ҳеҷ кас дар ҷомеаи мо ин идро бо монанди иди будпарстӣ ҷашн намегирад  ва ба чизе саҷда намеорад, ки ин маълум аст.

Имрӯзҳо барои тамоми сокинони олам ҷашн гирифтани Соли нав иди халқӣ ва давлатӣ гаштааст- ҷашн гирфтани ба охир расидани сол.  Рӯзҳои истироҳатиии Соли нав, ки бо баҳонаи он мардум истироҳат мекунанд ва ба наздикони худ тӯҳфа меоранд ва кӯдаконашонро шод мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин ҷо нишонае аз усули динӣ  дида намешавад. Одамон танҳо вақташорнро хубтар мегузаронанду истироҳат мекунанд. Барои ҳамин аз нигоҳи ислом бояд ҳадисеро  ба назар гирифт, ки мувофиқи он тамоми амалҳои инсон аз ният вобаста аст.

Дармасъалаи  ҷашн гирифтвани Соли нав агар мақсади одамон ба хотири ба анҷом расидани сол ва ё омадани соли дигар дар сари дастархлон ҷамъ кардани наздикон, таманниёти нек кардан, ба якдигар тӯҳфа намудан бошад, пас амалҳои онҳо мувофиуқи ҳадиси овардашуда баҳо дода мешавад.

Дар ислом бо дӯстон истироҳат кардан, ҳамдигарро шод намудан манъ нашудааст, балки ислом ҷонибдори ин амалҳост.

Табрик намудан бо Соли нав ҳам ягон амали бад нест, балки нияти хуб нисбати касе аст, ки ҳеҷ бадие надорад.

Агар ба таҷлили Соли нав дуруст муносибат кунем, он барои ғанӣ гардонидани корҳои неки шахсии худ дар назди Худованд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0