Дар Тоҷикистон лимити рӯзонаи барқ бардошта шуд

© Sputnik / Амир Исаев"Барқи Тоҷик", акс аз бойгонӣ
Барқи Тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз ба кор даромадани шабакаи барқиву гармдиҳии “Душанбе-2” имконият пайдо гардид, ки лимити рӯзонаи барқ дар зимистон қатъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik.Сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз имрӯз сар карда рӯзона бе маҳдудият бо барқ таъмин мегарданд, гуфт роҳбараи хадамоти матбуоти "Барқи Тоҷик" Нозир Ёдгорӣ.

Пештар аҳолӣ дар як шабонарӯз 12 соат бо барқ таъмин мегардид: пагоҳӣ аз соати 5:00 то 11:00 ва бегоҳӣ аз 16:00 то 22:00.

"Мувофиқи реҷаи нав тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 17 соат бо барқ таъмин мегарданд- аз 5:00 то 22:00",- мегӯяд Ёдгорӣ.

Ширкати Барқи тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон 5 соат бештар бо барқ таъмин мешаванд

Ба гуфтаи ӯ ба кор даромадани шабакаи барқиву гармдиҳии "Душанбе-2" имконият дод, ки лимити рӯзонаи барқ дар зимистон қатъ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз бори дуввум ба кор даровардани шабакаи барқиву гармидиҳии "Душанбе-2" тавоногии он то 400 МВт зиёд шудаст, ки он имконият медиҳад ҳамарӯза то 9,6 кВт/ст. Қувваи барқ истеҳсол шавад.

Қобили зикр аст, ки расман лимити барқ дар Тоҷикистон аз санаи 1-уми ноябр ҷорӣ карда шудаст. Аммо маҳдудияти барқ ба пойтахт ва маркази вилоятҳо дахл надошт.

Лентаи хабарҳо
0