08:54 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Дарс дар мактаб. Акс аз бойгонӣ

Сафорати Амрико омӯзгорони тоҷикро ба омӯзиш даъват мекунад

© Sputnik Ёкуб Халимов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12510

Сафорати Амрико дар Душанбе барои иштирок дар барномаи мурабиёни таълими забони англисӣ барои соли 2017 озмун эълон менамояд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Омӯзиш моҳи апрели соли равон шурӯъ шуда, то моҳи декабри соли 2017 идома мекунад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

"Барномаи мазкур чор семинари бисёрӯзаро доир ба тарзи дарсгузаронии забони англисӣ ҳамроҳ бо мутахассисони амрикоӣ аз моҳи апрел то декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар назар дорад",-омадааст дар иттилоия.

Дар рафти омӯзиш муаллимон сабки нави таълими забони англисиро аз худ карда, бо мутахассисон мавзӯъҳои мухталифи соҳавиро муҳокима мекунанд.

Довталабон бояд аз шумули муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо бошанд, ки хоҳиши мураббӣ будан ва мубодила кардани тачрибаи худро бо дигар муаллимони забони англисӣ доранд.

Хоҳишмандон барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Дархостро аз вебсайти (http:goo.gl/Cqkzgo) метавон дастрас намуд. Мӯҳлати охирони қабули дархост 10 феврали соли 2017  мебошад.

Мавзуъ

Дар Душанбе “Гӯшаи фарҳангии Амрико” дубора фаъол шуд
Сафорати Амрико дар Душанбе дарҳои худро дубора боз кард
Барчаспҳо:
дарсҳои омӯзишӣ, курс, омӯзгори забони англисӣ, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ