08:48 22 январи 2017
Пахши мустақим
Дар назди маркази савдои Садбарг, акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе лимити барқ нест, аммо барқдуздӣ ҳаст

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони милитсия ва мутахассисони шабакаҳои барқӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе санҷиши муштарак ташкил кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҳамин тавр дар натиҷаи гузаронидаи санҷиш кормандони милитсия ва мутухасисони шабакаҳои барқӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе якчанд ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқро ошкор намуданд.

"Зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгирак хати қувваи барқро ба хонааш гузаронида, дар натиҷа ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори як ҳазору ҳаштсаду сию панҷ сомонӣ зарари моддӣ расонидааст",- менависад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Ғайр аз ин дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки сокинони дигари шаҳри Душанбе: зани 29-сола бо ҳамин роҳ се ҳазору ҳаштод сомонӣ, марди 40-сола як ҳазору чорсаду панҷоҳу панҷ сомонӣ ва зани 37-сола ду ҳазору яксаду ҳаштоду нуҳ сомонӣ ба шабакаҳои барқӣ зарари моддӣ расонидаанд.

Санҷиш дар ин самт идома дорад, менависад манбаъ.

Хотиррасон мекунем, ки аз санаи 5-уми январ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон лимити рӯзонаи барқ лағв гардид.

Акнун сокинони тамоми Тоҷикистон метавонанд  аз соати 05:00 то 22:00 бо қувва барқ таъмин гарданд.

 

Барчаспҳо:
дуздии барқ, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ