Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад: Лимити барқ пурра бардошта шуд

Обуна шудан
Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, аз пагоҳ - 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолии тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент аз муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik.Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз пагоҳ сар карда дар тамоми Тоҷикистон лимити барқ пурра бардошта мешавад. Ин матлабро манбаъ аз муроҷиатномаи президент ба шаҳрвандон овардааст.

Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз  сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Барқи Тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон лимити рӯзонаи барқ бардошта шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ қайд намудааст, ки дар ҳақиқат дар солони соҳибистиқлолӣ норасоии қувваи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ гардид ва имконият набуд, ки ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон дар фасли зимистон бо қувваи барқ пурра таъмин шаванд.

Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта,  хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд, гуфтааст президент.

Ба қавли раисҷумҳур ба шарофати бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.  

Танҳо соли гузашта ман аз ҳашт иншооти муҳимми энергетикии кишвар боздид намуда, дар маросими ба фаъолият оғоз кардани дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 500 — киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии «Норак», оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ва оғози лоиҳаи таҷдиди  нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» иштирок намудам, изҳор доштааст ӯ.

Соли гузашта навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд, ки дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои афзалиятноки энергетикии кишвар рӯйдоди хеле муҳим ба шумор меравад.

Айни замон, бо дарназардошти фаъолияти самараноки маркази зикршуда бо иқтидори 400 мегаватт ва бо пайвастшавии иқтидорҳои иловагии энергетикӣ, инчунин, кифоя будани захираи об дар обанборҳои кишвар мо имкон пайдо кардем, ки бе ворид намудани нерӯи барқ аз хориҷа соли ҷорӣ таъминоти барқро хеле беҳтар гардонем. То имрӯз таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар як шабонарӯз 18 соатро ташкил медод.

"Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ — 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд", — меорад хадамоти матбуот аз муроҷиатнома.

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад.

Бо баробари ин президент аз шаҳврандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо хоҳиш намудааст, ки аз қувваи барқ сарфакорона истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0