05:52 21 августи 2017
Пахши мустақим
Президенрти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ телевизиони “Футбол”-ро ба кор даровард

© Федерация футбола Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37620

Рустами Эмомалӣ санаи 21 феврали соли 2017 соати 18.00 расман ба фаъолияти Телевизиони “Футбол” – и Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз бахшид

Душанбе, 22 фев-Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҶТ телевизиони мазкур бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба "Соли ҷавонон" таъсис дода шуд.

Телевизиони "Футбол" ягона муассисаи иттиллоотӣ оид ба футбол дар кишвар буда, ба пуррагӣ бозии футболро дар формати замонавии HD пахш менамояд.

1 / 4
Телевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон

Шабакаи телевизионии "Футбол" шабакаи нӯҳуми телевизионист, ки дар Душанбе амал мекунанд. Аз ин шумор 6 шабака — "Тоҷикистон", "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш" ва "Синамо" шабакаҳои миллӣ буда, барномаҳояшон тавассути моҳвора пахш мешавад.

Дар Душанбе ҳамчунин телевизиони шаҳрии "Пойтахт" ва шабакаи мустақили СМТ низ фаъолият доранд.

Телевизиони "Футбол" на танҳо бозиҳои дастаи мунтахаби мамлакат ва Лигаи миллии футбол (Лигаи олӣ ва якум), балки чемпионатҳои кишварҳои Осиё, мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо, бозиҳои Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Серияи "А"-и Италия ва бозиҳои ҷолиби чемпионати кишварҳои дигарро низ пахш мекунад.

Ногуфта намонад, ки Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, худ низ дар солҳои қаблӣ ба футбол шавқ дошт ва ҳамчун ҳамлагар дар мунтхаби милии "Истиқлол" бозӣ мекард.

Бо ибтикори ӯ дар қаламрави гуногуни Тоҷикистон майдонҳои сунъии варзишӣ, бо мақсади тағрибу ташвиқи ин намудаи варзиш миёни наврасон ба истифода дода шуда буданд.

Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
© Sputnik Victoria Lyubavina
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ

Мавзуъ

Дар Тоҷикистон телевизиони “Варзиш” таъсис дода шуд
Раҳмон ТВ “Варзиш” ва “Синамо”-ро ба кор даровард
Барчаспҳо:
шабакаи "Футбол", ифтитоҳ, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ