Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе расид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Душанбе расид

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе президенти Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба муносибати ташрифи меҳмон фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Русия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буданд.

Таъмири роҳҳо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
"Путин мо ба пешвози шумо омодаем": омодагии Душанбе ба сафари Путин

Манбаъ меафзояд, ки нимаи дуюми имрӯз дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд.

Владимир Путинро президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Русия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.

Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Россия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва президенти Федератсияи Русия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0