07:16 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Бинои ширкати Telia Company. Акс аз бойгонӣ

Tcell фурӯши аксияҳоро ба фонди Оқохон роҳи наҷот аз бӯҳрон медонад

© Официальный сайт Telia Company
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38620

Якчанд моҳ аст, ки ширкати Tcell барои фурӯши аксияҳо аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ иҷозатнома интизор аст

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.Роҳбарияти скандинавягии опретори телекоммуникатсонии Telia Company- дар Тоҷикистон зери тамғаи Tcell фаъолият мекунад, мехоҳад бо сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода вохӯрӣ кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Роҳбари ширкат Йохан Деннелинд ба сарвазири тоҷик Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва раиси дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон мактуб равон карда, хоҳиш намудааст, ки дар фуруши аксияҳои ширкат ба Фонди рушди иқтисоди Оқохон кӯмак расонад.

"Ширкати Telia барои баррасии масъалаи муҳим мехоҳад бо сарвазири ҶТ во хӯрад.  Оператори мобилии Тсеll ҳоло дар вазъи мушкилӣ иқтисодӣ қарор дорад ",- омадааст дар мавод.

Аллакай якчанд моҳ мешавад, ки "намояндаи тоҷики" Telia аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ иҷозати фуруши як қисми аксияҳояшро нигарон аст.

"То имрӯз ширкат ягон ҷавоб нагирифтааст. Дар ҳоле ки мувофиқи қонун мӯҳлати дидан баромадани ҳуҷҷати пешниҳоднамудаи ширкат аз ҷониби хадамот санаи 29-уми ноябри соли 2016 ба итмом расидааст. Ғайр аз ин, ба ширкат якчанд ҷарима баста шудааст,ки ин ҳам ғайриқонунӣ мебошад",- қайд карда мешавад дар матн.

Ба болои ин, ширкати Tcell ба опретори давлатии "Тоҷикителеком" қарз додааст, ки то ҳол бар нагардонидааст.

Барои ҳамин ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Моҳи сентябри соли 2016 маълум гардид, ки Telia мехоҳад 60% —и аксияҳояшро ба Фонди иқтисодии рушди Оқохон (AKFED) фурӯшад. Роҳбарияти ширкат ба нақша гирифта буд, ки то охири соли 2016 шартнома бандад.

Маблағи умумии ширкат 66 миллион долларро ташкил медиҳад, аз ин рӯ 60 фоизи он — 39 миллион доллар мешавад.

TeliaSonera- ширкати телекомуникатсиониест, ки дар Шветсия ва Финландия дар ҷойи аввал қарор дорад. Ширкат 6-умин опретори калонтарин дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон 53% оператори "Индиго Тоҷикистон", ки зери тамғаи Tcell фаъолият мекунад ба TeliaSonera таалуқ дорад.

Якчанд моҳ пештар ширкат барои "пинҳокорӣ дар андоз" ба 155 миллион сомонӣ ҷарима карда шуд.

Ба гуфтаи доктори илҳои сиёсӣ Академияи илмҳои Русия Зарина Дадобоева  дар Тоҷикистон дар соҳаи андоз ва инвеститсия якчанд мушкилиҳо дида мешавад.

"Ҳоло дар соҳаи телекомуникатсияонӣ ба якчанд мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Як қатор ширкатҳо изҳор доштанд, ки фаъолияташон  дар Тоҷикистон ягон фоида намеорад ва мехоҳанд онро қатъ кунанд. Ман боварӣ дорам, ки ба ин ҳолат кумитаи андоз ва дигар мақомотҳои лозимӣ роҳи ҳаллро пешниҳод мекунанд ва ширкатҳо фаъолияти худро давом хоҳанд дод",- изҳор дошт Дадабоева ба Sputnik Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
аксия, андоз, бӯҳрон, опретори мобилӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ