Шаҳрдории Душанбе барои баргузории бозиҳои варзишӣ дар Наврӯз 155 300 сомонӣ ҳазина хоҳад кард

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе қарор дода барои баргузории бозиҳои варзишӣ дар Наврӯз 155 300 сомонӣ ҳазина кунад

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар чорчӯби барномаҳои ҷашни Наврӯз имсол дар шаҳри Душанбе мусобиқоти куштии миллӣ, аспдавонӣ, волейбол дар миёни бонувон ва теннис баргузор хоҳанд шуд.
Чуноне ки дафтари равобити умумии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, зӯрозмоии куштигирон 23 март ва мусобиқоти асптозӣ 24 март дар Наврӯзгоҳ баргузор хоҳанд шуд. Мусобиқоти волейбол ва теннис дар Омӯзишгоҳи маҳоратҳои варзишӣ ва Кох тенниси пойтахт баргузор мешаванд.

Шаҳрдории Душанбе аз барои баргузории ин мусобиқот 155 300 сомонӣ ҳазина хоҳад кард ки ин маблағ аз роҳи хайру эҳсони шаҳрвандон гирдоварӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0