17:05 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз хадамоти матбӯъоти раиси ҷумуҳри Тоҷикистон

Раисҷумҳур шаҳрвандонро ба хидмат дар Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон фаро хонд

© Фото: Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85903

Раисҷумҳури Тоҷикистон низомиёнеро, ки муддати хидматашон ба поён расидааст, рухсат дода, дигар шаҳрвандонро ба хидмати низомӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бино бар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, низомиёне, ки муҳлати муқарраршудаи хидмати низомиро то моҳи апрел ё майи имсол ба поён мерасонанд, рухсат шуда, ба ҷойи онҳо ҷавонони аз 18 то 27-сола барои анҷоми хидмати вазифа даъват карда мешаванд.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои низомӣ "даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ" дар Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, неруҳои вижаи Вазорати умури дохила, неруҳои дифоъи ғайринизомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳанги нигаҳбонии Идораи кулли иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати додгустарӣ ва гурдони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсусро ба роҳ монанд.
Барчаспҳо:
даъвати ҳарбӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ