01:26 31 марти 2017
Пахши мустақим
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон бархе аз раҳбарони ниҳодҳои низомӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро ҷобаҷо кард

© Flickr/ Официальный сайт президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
116853

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бархе аз раҳбарону фармондеҳони Вазорати дифоъ, Горди миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, шаҳрдории Душанбе, Вазорати маъорифу илм, Вазорати фарҳанг, Фарҳангистони улум, Кумитаи телевизиону радиоро ҷобаҷо кард

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бино бар иттилоъи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, бар пояи қарорҳои Ҳукумати ҶТ Сахидод Раҳматуллозода мудири Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ мудири Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Урупо, Қудрат Давлатзода раиси Донишкадаи молия ва иқтисод, Муъмин Шарифзода раиси Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, Ҳамидуллохон Фақеров раиси Донишкадаи давлатии тиҷорат, Ҷамшед Ҷӯрабоев раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Хайриддин Идиев раиси Донишкадаи ҳунар таъйин шуданд.

Зевар Давлатзода бар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз симати мудири телевизиони давлатии "Сафина" озод ва муовини вазири фарҳанг таъин шуд.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумат Музаффар Давлатзода муъовини вазири фарҳанг, Носир Саидов мудири телевизиони давлатии "Сафина", Садриддин Шамсуддинзода мудири телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Субҳиддин Шамсиддинзода мудири телевизиони "Тоҷикистон" таъйин шуданд.

Ҳамчунин тағйироте дар сохторҳои маъорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, комиссариятҳои низомии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бархе аз ягонҳои Нерӯҳои мусаллаҳ низ сурат гирифтаанд.

Барчаспҳо:
тағийроти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ