Наврӯз муборак: Сафири Бритониё тоҷикистониёнро бо забони тоҷикӣ муборакбод намуд

© Sputnik / СтрингерҶашни наврӯз дар Душанбе
Ҷашни наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро бо ҷашни омадаисодаи Наврӯз муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Ирландияи Шимолӣ сокинони Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз бо забони тоҷикӣ муборакбод гуфт.

Чуноне ки сафир изҳор дошт: "Дӯстони гиромӣ, имрӯз бо омадани баҳор дар тамоми ҷаҳон ва Тоҷикистон,  мо Наврӯзи ҷаҳониро пешвоз мегирем. Одамон ин ҷашни зеборо бо дӯстон ва наздикони худ пешвоз мегиранд. Имсол  барои ман ҷашни Наврӯз хусусияти хос дорад. Зеро соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Британияи Кабир 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд."  

 

Лентаи хабарҳо
0