18:22 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Сел дар шаҳри Хоруғ

Сел дар шаҳри Хоруғ хиёбонҳоро баст

© Хадамоти матбуоти ҳокимияти ВМКБ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
145474

Бо фаро расидани баҳор дар Кӯҳистони Бадахшон ҳаво рӯ ба гармӣ ниҳоду барф об шудан гирифт ки пайомади он селест ки имрӯз дар Хоруғ рух дод

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik.  Имрӯз пас аз чошт дар шаҳри Хоруғ — маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар паи об шудани барф сел фурӯ рехт, ки хиёбони марказии шаҳрро барои чанд соат баст.

Сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ин бора иттилоъ дод, ки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед коргурӯҳе аз сохторҳои шаҳрдорӣ ташкил ва муҷаҳҳаз кард ки зуд ба маҳалли сел расида хиёбонро аз селовардаҳо поксозӣ ва рафту омадро барқарор кард.

Вай хабар дода, ки "хушбахтона, ин балои табиъӣ хисороти моливу ҷонӣ дар пай надошт".

Сухангӯи ҳукумати ВМКБ бо такя ба иттилоъи муовини аввали сардори Ситоди ҳолатхои фавқулодда дар ВМКБ Гулша Насруллоев афзуд, бо гармтар шудани ҳаво дар се мавзеъи шаҳри Хоруғ эҳтимоли фурӯ рехтани сел мавҷуд аст. Аз ин рӯ, аз шумори кормандони ин Ситод ва довталабон дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Хоруғ дар ин мавзеъҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда мешавад.

Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
Барчаспҳо:
сел, Хоруғ, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ