00:55 21 октябри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд шудани ҷинояткориҳо дар вилояти Суғд нигарон шуд

Официальный сайт президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
187 0 0

Эмомалӣ Раҳмондар рафти сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо сокинон ва фаъолони вилоят машварати корӣ доир намуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Президент дар баромади хеш назди щозирон  вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди барпрасӣ қарор дод.

Ҳамин тавр,  то аввали соли 2017 бақияи қарзи вилоят аз андоз ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ беш аз 130 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ҳиссаи бештари он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

Соли 2016 буҷети вилояти Суғд ба андозаи 101,8 фоиз иҷро шуда, ба он 1,9 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 34,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд гардид, танҳо дар ду соли охир дар вилоят 123 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст.

Соли гузашта кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 270 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 — 9,1 фоиз зиёд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд супориш дод, ки  нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд.

Илова бар ин дар рафти суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ,  дар вилоят изҳори нигаронӣ намуд, ки бештар дар ки бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2016 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6233 ҷиноят содир карда шудааст ва кушодани ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ташвишовари риояи қонунгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳаи замин ёдовар шуда, роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми соли 2017 шунида шуд.

Барчаспҳо:
афзун гаштани ҷиноят, вилояти Суғд, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ