02:49 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Гусели раисҷумҳур аз вилояти Суғд

Раисҷумҳури Тоҷикистонро аз Суғд бо рақсу суруд гусел намуданд

© Фото: Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
34712

Сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раҳбарон ва бархе аз сокинони вилояти Суғд гусел намуданд.

Аз ҷониби ҷавонону наврасон ба хотири гусели раисҷумҳур барномаи консертӣ омода шуда буд.

Манбаъ меафзояд, ки раисҷмуҳри Тоҷикистон қабл аз баргаштан ба пойтахт дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷнд якчанд сохтмони навро ба баҳрабардорӣ расонид. Аз он ҷумла "Толори ҷавонон" аст, ки махсусан ба муносибати Соли ҷавонон бозсозӣ шудааст. Ин толорро, ки соли 1970 бунёд шуда, ширкати саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" пурра бозсозӣ ва навсозӣ кардааст. Акнун толори маҷлисгоҳ 250 сандалӣ дорад ва барои баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ созгор карда шудааст.

Ифтитоҳи толори ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи толори ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд

Ҳамчунин ба муносибати Соли ҷавонон рестуроне бо 220 сандалӣ бунёд гардида ки раисҷумҳур дари онро ба рӯи муштариён боз кард. 

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)

Мавзуъ

Раисҷумҳури Эрон Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт
Раисҷумҳури Туркманистон ҷашни нав тартиб дод
Раисҷумҳури Тоҷикистон бархе аз раҳбарони ниҳодҳои низомӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро ҷобаҷо кард
Барчаспҳо:
ифтитоҳи иншооти нав, гусел, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ