20:06 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Гулмурод Ҳалимов, акс аз бойгонӣ

ВКД Тоҷикистон хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро пайгирӣ мекунад

Кадр из YouTube
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
22402

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шароиту далоили кушта шудани фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишон Гулмурод Ҳалимовро бозҷӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Нашрияи бритонии "The Times" 15 апрел хабар дода буд, ки "вазири ҷанги Давлати исломӣ" Гулмурод Ҳалимов чанде пеш дар яке аз бахшҳои ғарбии Мавсил — охирин пойгоҳи ДОИШ дар Ироқ — дар паи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.​

Ин нашрия бо такя ба манобеъаш дар Ироқ гуфта, ки Гулмурод Ҳалимов созмондиҳандаи хатти дифоъии ДОИШ дар Мавсил буд ва ҳамчунин дар ҳамла ба корвонҳои низомии нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико даст дошт.

Дар ин росто РИА Новости гузориш медиҳад, ки вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар паи интишори ин хабар оғоз ба бозҷӯии шароиту далоили кушта шудани Гулмурод Ҳалимов кардааст.

"Мо иттилоъот дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро аз манобеи худ баррасӣ дорем", — гуфтааст намояндаи ВКД ҶТ ба РИА Новости.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки ин фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВКД Тоҷикистон ҳануз ҳам дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад ва номаш дар феҳристи Пулиси байнулмилал ё Интерпол оварда шудааст.

"Ҳар гоҳе, ки кушта шудаи Гулмурод Ҳалимов дар Мавсил таъйид шавад, мо хабарашро ба расонаҳо хоҳем дод", — гуфтааст намояндаи ВКД ҶТ.

Ёдоварӣ мекунем, ки Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишон ва сарҳанги ВКД Тоҷикистон буд. Ӯ пештар аз кормандони Горди Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар солҳои 2003 — 2008 дар пойгоҳи низомии амрикоии "Blackwater" се давраи ҷангомӯзӣ гузаронда аст. Вай соли 2015 ба ДОИШ пайваст

Мавзуъ

Гулмурод Ҳалимов кушта шуд
Гулмурод Ҳалимов-собиқ фармондеҳи ОМОН расман дар пайгард эълон шуд
Барчаспҳо:
Нерӯҳои ошӯбнишон, ДОИШ, пайгирӣ, ВКД, Гулмурод Ҳалимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ