Маҷлиси Тоҷикистон ширкатҳои гардишгариро аз пардохти молиёт озод кард

CC BY 2.0 / Oleg Brovko / в. Б. ГанзаТуристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото
Туристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз ин чораҳо густариши гардишгарӣ, фароҳамсозии зерсохтори гардишгарӣ, беҳбуди кайфияти хидматрасонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва бунёдгузории манотиқи гардишгарӣ гуфта шудааст

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонунгузории молиётӣ ва гумрукӣ, ширкатҳои гардишгариро аз пардохти молиёт дар панҷ соли аввали фаъолияташон озод кард.

То кунун дар Тоҷикистон 89 ширкати гардишгарӣ расман номнавис шуда, ки аз он шумор 24 ширкат аз пардохти молиёт озод шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, маҷлис дар ҷаласае, ки 21 апрел баргузор шуд, ҳамчунин таҷҳизоту масолеҳи сохтмониеро, ки барои созаҳои гардишгарӣ аз хориҷа ворид мешаванд, аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Феҳристи ширкатҳои озодшуда, созаҳо, феҳристу теъдоди таҷҳизоти воридотӣ ва масолеҳи сохтмониро давлат дертар таҳия ва тасвиб хоҳад кард.

Муъовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, дар нишасти Маҷлис гуфт, ки ҳадаф аз ин ислоҳот рушди гардишгарӣ, фароҳамсозии зерсохтори гардишгарӣ, беҳбуди кайфияти хидматрасонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва бунёдгузории манотиқи гардишгарӣ аст.

Интизор меравад, ки агар арзиши тамомшудаи меҳмонхонаҳо, бунгоҳҳои лағжасавориву осоишгоҳҳо арзон шавад, санъати гардишгарӣ пӯётар густариш хоҳад ёфт.

Коршиноси умури гардишгарӣ Баҳриддин Исомуддинов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт: Ҳамакнун "мушкили аслии ин санъат дар Тоҷикистон осон набудани рафту баргашт ва шинохташуда набуданаш ҳамчун як мақсади гардишагарӣ аст. Вале меҳмонхонаву меҳмонсароҳои хубе дорем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш пешниҳод кард ки як ниҳоди ҷудогона дар  заминаи гардишгарӣ дар соли 2017 бунёд гардад. Вай таъкид карда буд, ки "бахши гардишгарӣ метавонад яке аз локомотивҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон" бошад.  

Лентаи хабарҳо
0