22:22 16 августи 2017
Пахши мустақим
Ҳанги ҷовидон. Акс аз бойгонӣ

Дар Рӯзи Пирӯзӣ дар пойтахти тоҷикон "Ҳанги ҷовидон" қадам мезанад

© Рустам Юлдашев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
9740

Дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" хоҳишмандон бо акси бобову падарон, хешовандону дӯстон ва ҳамсафонашон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, коргарони ақибгоҳ аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе режа хоҳанд рафт

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 май роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" (Бессметрный полк) баргузор мешавад.

Ин роҳпаймоиро Шурои кишварӣ ва шаҳрии куҳансарбозони ҷанг ва собиқадорони кор баргузор мекунанд.

Дар ин рӯз хоҳишмандон бо аксҳои бобоёну падарони худ роҳпаймоиро аз майдони 800-солагии пойтахт оғоз карда, аз хиёбони Рӯдакӣ то Боғи Ғалаба режа хоҳанд рафт.

Баргузоркунандагони роҳпаймоӣ ҳамаро фаро хондаанд, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд.

Намояндагони Маркази фарҳангии Русия дар Душанбе (Россотрудничество) гуфтаанд, ки омода ҳастанд дар таҳияи аксу барнавиштаҳо ба шаҳрвандон ёрӣ бирасонанд.

Барои аксу барнавиштаҳое, ки ширкаткунандагон дар даст гирифтаву раҳпаймоӣ мекунанд, андозаи муайяне муқаррар нашудааст. Муҳим ин аст ки дар онҳо акси сарбозону шаҳидони ҶБВ, ному насаб ва дараҷаи низомии онҳо (агар маълум бошад) нигошта шуда бошад.

"Ҳанги ҷовидон" — ҷунбише иҷтимоъӣ буда дар он довталабон бо аксҳои бобоён ё хешовандони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷангида ва ё шаҳида шуда бошанд, ширкат мекунанд. Ин роҳпаймоӣ ҳамасола дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Мавзуҳо:
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
Барчаспҳо:
роҳпаймоӣ, "Ҳанги ҷовидон", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ