22:17 27 июни 2017
Пахши мустақим
Иштирокдорони ҶБВ, акс аз бойгонӣ

Шаҳрдории Душанбе ба иштирокчиёни ҶБВ 719900 сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо кард

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
63 0 0

Шаҳрдории Душанбе қарор кард, ки бахшида ба Иди Ғалаба дар пойтахт чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ доир карда, аз аҳволи иштирокдорони ҷанг хабар гирад ва ба ҳар яки онҳо ба маблағи 800 сомонӣ кӯмакпулӣ расонад

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Бо мақсади пос доштани хотира, арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарор кард, ки барои расонидани кӯмакпулӣ ба онҳо ҳукумати шаҳр 719900 сомонӣ   ҷудо кунад.

Ҳукумати шаҳр аз аҳволи иштирокчиёни ҷанг хабар гирифта, ба ҳар яки онҳо 800 сомонӣ кӯмакпулӣ месупорад.

Ҳамчунин,  бахшида ба 72-умин солгарди Иди ғалаба дар пойтахт чорабиниҳои ободонӣ, фарҳангиву варзишӣ баргузор карда мешавад.

Мавзуҳо:
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
Барчаспҳо:
Иди Ғалаба, қарор, ҳукумати шаҳри Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ