23:58 16 январи 2018
Пахши мустақим
Сейсмограф, акс аз бойгонӣ

КҲФ: заминларза дар Тоҷикистон қурбонӣ ва харобӣ дар пай надоштааст

© Flickr/ Matt Katzenberger
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
13201

Заминларзае, ки тайи ҳафтаи охир аллакай рузи саввум дар Тоҷикистон рух медиҳад, хисороте надошт

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. РИА Новости дар истонид ба кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  заминларза дар кишвар қурбоние дар пай нагузоштаст.

Чуноне ки Умеда Юсопова хабар додааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар пайи ин офати табиӣ қурбоние ё хаборбие ба ҷо нагузоштааст.

 "Дар бораи хароб гаштани манзилҳо ё қурбониён ба мо маълумоте нарасидааст",- мегӯяд  Юсупова.

Имрӯз соати 10:09 дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд.

Қувваи ҷунбиши замин дар шаҳри Душанбе 5,9 баллро ташкил дод.

Тибқи ахбори манбаъ, ҳамин соат дар водии Фарғонаи Узбакистон низ замин такон додаст.

Гуфта мешавад, ки маркази заминларза Қарокенҷаи Тоҷикистон мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони шаҳри Душанбе ва Хуҷанд хабар доданд, ки заминларзаи навбатӣ, ки ба гуфта онҳо сахт буд, онҳоро ба таҳлука афтонидааст.

Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
хисорот, заминларза, қурбонӣ, Умеда Юсупова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ