Заминҷунбӣ, сел, сангрезиш: супориши Э.Раҳмон барои ҳисоби хисороти Лахш

© Новости-Казахстан, Анатолий УстиненкоОқибатҳои сел
Оқибатҳои сел - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи вижа бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми хисороти аз заминларзаҳои ахир расидаро дар ноҳияи Лахш ҳисоб мекунад

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми КҲФ дар ин минтақаи Тоҷикистон манзилҳо ва роҳҳо натанҳо аз заминларза балки, аз селу сангрезиш низ зарар дидаанд.

Гурӯҳи омӯзишӣ рӯзи  5-уми май бо супориши президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  барои омӯзиши вазъ, ҳисоби хисорот ва роҳандозии корҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларзаҳои охир таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ноҳияи Лахш дидан кард.

"Ин гурӯҳ сараввал аз деҳаи Шилбилӣ дидан кард. Ба қавли раиси ноҳия ин ҷо 22 апрел дар пайи заминларза 22 хоҷагӣ, ки аз 133 нафар иборат буданд ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Гуфта мешавад, ки масъалаи сохтусози манилҳои нав барои сокинони зарадида дар ҳоли ҳалшавӣ аст",-омадааст дар хабарнома.

Сейсмограф, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон замин бо қувваи 4,5 балл ҷунбид

Ин минтақаро гурӯҳе шабонарӯзӣ набатдорӣ мекунад.

Баъд гурӯҳи корӣ ба деҳаи Ағла рафт. Ин ҷо ду хонаи истиқоматӣ пурра хароб, чор манзили дигар дар ҳоли рехтан ва мактаб низ қисман хароб гардидааст.

Ҳамчунин дар ин заминҷунбӣ дар манотиқи гуногуни роҳи мошингарди Лахш-Саритош санг рехтаву ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Ин сангрезиш ҳамчунин баъзе қисматҳои роҳро вайрон кардааст.

Манбаъ меафзояд, ки ҳаҷми хисорот ҳисоб карда шуд ва рафти корҳои барқароркунӣ зери назорат гирифт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0