15:48 20 октябри 2017
Пахши мустақим
Иштироки президент дар чорабини тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба

Таҷлили Иди ғалаба бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
36303

Дар маросими ҷашни Рӯзи зафар кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромушнашаванда мебошад

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Имрӯз бахшида ба 72-умин солгарди Иди зафар дар "Боғи ғалаба"-и пойтахт чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти кишвардори Тоҷикистон,  Эмомалӣ Раҳмонро дар "Боғи ғалаба" шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ пешвоз гирифт.

Дар навбати худ, вазири мудофиаи ҶТ, генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо  оид ба омодагии  гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамватанонро ба муносибати 72-юмин солгарди ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд, андешаронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромушнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеъона якҷо бо халқу миллатҳои сулҳхоҳ оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин кардаанд.

Баъди анҷоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозоне, ки ҷони худро баҳри озодии кишвар нисор кардаанд, маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.

Дар назди оташи ҷовидон ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар "Боғи ғалаба"-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

Мавзуҳо:
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
Барчаспҳо:
боғи пойтахт, ҷашни рӯзи Ғалаба, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ