Ҷавони қирғиз хост нусхаи қадимаи Қуръонро пинҳонӣ аз Тоҷикистон бибарад

© AP / Frank AugsteinСтраницы предполагаемого древнейшего Корана
Страницы предполагаемого древнейшего Корана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба натиҷагирии коршиносон, ин нусхаи "Қуръон Карим" беш аз 300 сол қидмат доштааст
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Як шаҳрванди Қирғизистон мехост нусхае қадима аз Қуръонро пинҳонӣ аз Тоҷикистон берун барад, вале кормандони гумрук онро дар марз пайдо кардаву ситонданд.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, кормандони Раёсати гумрук дар вилояти Суғд ҳангоми бозрасии худрави «Тойота Эстима», ки аз они як шаҳрванди 27-солаи Қирғизистон буд, як нусха аз Қуръонро пайдо карданд. 

Ба гузориши гумрукиён, ин шаҳрванди кишвари ҳамсоя мехост он китобро аз Тоҷикистон қочоқ кунад.

Бино ба натиҷагирии коршиносон, ин нусхаи "Қуръон Карим" беш аз 300 сол қидмат доштааст.

Барои бозҷӯии ин қазия нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. аз рӯи моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парванда оғоз шудаву ба Додситонии вилояти Суғд супурда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0