15:14 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Сафири Амрико бо забони тоҷикӣ шеър қироат кард:тақдими китоб аз ҷониби ИМА

Сафири Амрико ба забони тоҷикӣ шеър хонд: тақдими китоб аз ҷониби ИМА

© Фото: Посольство США в РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12710

Элизабет Миллард дар суханронияш аз 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Амрико ва Тоҷикистон ёдовар шуд ва мисраъҳое ба забони тоҷикӣ дар бораи дӯстӣ ва китоб хонд

ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik.  Имрӯз Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард 1300 китобро аз номи сокинони Боулдер ва Денвери иёлати Колорадо, ИМА ба шаҳри Душанбе тақдим намуд.

Китобҳои мазкур ба Кибер-кафеи дӯстии шаҳри Душанбе ва нӯҳ мактаби шаҳри Душанбе дастрас гардиданд.

Дар ин бора равобити умуми Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маросими тақдими китобҳо дар "Душанбе Плаза" баргузор гардид ва Ҳукумати шақри Душанбе ҳамчун ташкилкунандаи ин чорабинӣ баромад намуд.

Элизабет Миллард дар суханронияш аз 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Амрико ва Тоҷикистон ёдовар шуд ва мисраъҳое ба забони тоҷикӣ дар бораи дӯстӣ ва китоб хонд.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард
© Фото: Пресс служба посольства США в Таджикистане

Дар давоми як ҳафта сокинони Боулдер ва Денвер, Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер, мактабҳои маҳаллӣ ва инчунин чойхонаи Боулдер-Душанбе 1300 адад китобро ба забони англисӣ ҷамъоварӣ намуданд, то ки ин китобҳоро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Душанбе дастрас гарданд. Китобҳои мазкур аз классикаи адабиёти англисӣ, китобҳои бачагона ва назм иборат мебошанд.

Равобити мутақобила байни бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе ҳанўз дар солҳои 80-уми асри гузашта шурўъ гардид.

Бад ин тартиб, сокинони шаҳри Душанбе чойхонаи зебои "Боулдер-Душанбе"-ро дар шаҳри Боулдер бунёд намуданд ва сокинони Боулдер бошад, дар навбати худ Кибер-кафеи дӯстиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд.

Дар рафти муносибатҳо дар ин самт, Ҳукумати ИМА якчанд барномаҳои мубодилаи донишҷўён ва мутахассисонро сарпарастӣ намудааст.

Дар доираи ин барномаҳо шумораи зиёди донишҷўёну мутахассисон ба шаҳри Боулдер сафарбар гардиданд.

Ҳадаф аз ин барномаҳо таҳкими равобит байни сокинони ду бародаршаҳр аст. Моҳи ҷорӣ гурўҳи мутахассисони соҳаи экотуризм  ба шаҳри Боулдер сафарбар мегарданд ва бо аъзои созмони "Бародаршаҳрҳои Боулдер-Душанбе" мулоқот мекунанд.  

Барчаспҳо:
бародаршаҳр, китоб, сафорати ИМА, Элизабет Миллард, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ