21:57 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Рустам Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ

Рустам Эмомалӣ дар моҳи шарифи Рамазон бозорҳои Душанберо ғанӣ мегардонад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
173991

Барои соҳибкорону тоҷирон ва дигар идораҳои пешниҳодкунандаи молу маҳсулрот шароит фароҳам оварда мешавад ва онҳо аз пардохти маблағи яквақта озод мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба хотири дар моҳи шарифи Рамазон боло нарафтани нархи маҳсулот ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти аввалия қарор кард, ки бозори истеъмолӣ ғанӣ гардонида шавад.

Бино бар гузориши дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, тибқи қарори раиси шаҳр матсаддиёни бозорҳои пойтахт — "Бозори Деҳқон", "Бозори Шоҳмансур" "Бозори Саховат" ва дигар идораҳои дахлдор  вазифадоранд, ки тули ин моҳи шариф  барои саҳоибкорону тоҷирон, Агентии захираҳои моддӣ,  Иттифоқи "Тоҷикматлубот"  шароит фароҳам оранд ва онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд.

Инчунин дар назар аст, ки дар ин моҳи шариф рӯзҳои шанбе ва якшанбе ярамарка ва фурӯши маҳсулотҳои гуштӣ дар назди "Бозори Меҳргон", майдончаи назди бозори "Қарияи боло", кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо" баргузор карда шавад.

Илова бар ин, маъмурияти бозорҳо вазифадор шуданд, ки бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро дар бозорҳо таъмин кунанд.

Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Барчаспҳо:
моҳи шарифи Рамазон, маҳсулот, бозорҳои пойтахт, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ