22:01 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Боғи Ирам, акс аз бойгонӣ

Ҷашнвораи расму ойину хӯрокҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Боғи Ирам

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1901

Дар ин ҷашнвора барои таҳия ва муаррифии хӯрокҳои миллӣ барои ҳар як намояндагӣ гӯшаи алоҳида ҷудо гардида, маҳсулоти пухташуда аз ҷониби худи намояндагиҳо ба фурӯш бароварда мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКХ ҶТ, имрӯз дар "Боғи Ирам" ҷашнвораи расму ойин ва намоиши хӯрокҳои миллии кишварҳои хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ бо фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ва расму ойинҳои мардумони ҷаҳон барузор мегардад.

Дар ин ҷашнвора ҷиҳати таҳия ва муаррифии таомҳои  миллӣ барои ҳар як намояндагӣ гӯшаи алоҳида ҷудо гардида, маҳсулоти пухташуда аз ҷониби худи намояндагиҳо ба фурӯш бароварда мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин ҷашнвора устувортар кардани пояҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои судманд миёни намояндагиҳои сиёсӣ, ҷалб кардани ширкаткунандагон ба накӯкорӣ ва ёрирасонӣ ба яке аз мактаб-интернатҳои пойтахт аз даромади фурӯши хӯрок дар ин ҷашнвора аст.

Барчаспҳо:
кишварҳои хориҷӣ, расму русум, Муассисаи давлатии илмии марказии "Боғи Ирам", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ