22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Ёдбуди Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи Лучоб

Маҳфили ёдбуди устод Лоиқ дар оромгоҳи Лучоб

Шервони Умриддин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13232

Лаҳзае, ки вориди саҳнаи оромгоҳ шудам, ҳаводорони шеъри ноби Лоиқ атрофи мақбараи бузургворро ҳалқа задаву бонавбат аз ашъораш намунаҳо мехонданд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik, Шервони Умриддин. Имрӯз, 20 май аз субҳи зуд хонаводаи устоди шодравон вориди оромгоҳи Лучоб гаштанд ва ба расми 17-сола мизбони зиёраткунандагони оромгоҳи устоди шеър шуданд.

Зебунниссо Қутбиддинова, ҳамсари устод Лоиқ мегӯяд, "соли 17-ум аст, ки бистуми моҳи май мо инҷоем ва даста-даставу гурӯҳ-гурӯҳ ҳаводорони шеъри Лоиқро — аз ҷумлаи шоирон, нависандагон, адабиётшиносон, забоншиносон, академикҳо, рӯзноманигорон, устодон ва шогирдони донишгоҳҳои мухталиф, омӯзгорон ва хонандагони макотиби миёнаи пойтахти кишварро пешвоз мегирем".

Лаҳзае, ки вориди саҳнаи оромгоҳ шудам, аллакай ҳаводорони шеъри ноби Лоиқ атрофи мақбараи бузургворро ҳалқа задаву бонавбат аз ашъораш намунаҳо мехонданд.

Ба назар мерасид ташнагони ашъори устод барои расидан ба минбари маҷозӣ навбат мепоянд.

Бархе то се-чаҳор ғазалу шеър, дигарон бо як шеър қаноат мекунанд ва навбатро ба дигаре медиҳанд.

Пас аз соати 08:00 теъдоди зиёраткунандагон аз шумори донишҷӯёни донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзуд, ки бо роҳбарии устодони ин донишкада Сангин Гулов, Саъдуллоҳ Ҳайдаров, Қироншоҳ Шарифзода як гуруҳ донишҷӯёнро ба зиёрати устод Лоиқ оварда, шеърхониро идома доданд.

 

Сипас, устодон ва донишҷӯёни донишкадаи забоншиносии Донишгоҳи миллӣ ба ин маҳфили ёдбуд ҳозир шуданд.

Муртазо Зайниддинов, устоди ин донишкада, бо ёдоварӣ аз Лоиқ гуфт, ӯ ҳамеша дасту дили соф дошт, дар ҳалқаи дӯстон ва азизонаш буд ва ҷудоиро намепазируфт.

 

Ӯ гуфт, бо қарори Шурои донишмандону дастури Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли дувум аст, ки 20 май ҳамчун "Рӯзи Лоиқ" таҷлил мегардад.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода гуфт, ки устод Лоиқ аз бузуртарин шоирони муосири тоҷик ҳастанд ва ҳарчанд сол ҳам аз даргузашташ бигазарад, ҷояш ҳамчунон холӣ хоҳад буд.

Шоир Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ ҳам гуфт, Лоиқ танҳо ифтихори Тоҷикистон нест, балки ифтихори форсизабонони ҷаҳон аст.

Адабиётшиноси варзида Юсуф Акбарзод, ки аз ширкаткунандагони маҳфили ёдбуди Лоиқ буд, гуфт, ки вай аз ҷумлаи он бузургмардони адабиёти муосири тоҷик аст, ки муваффақ шуд як формули шеъри нави тоҷикро созад ва шеъри устод ин худ аслан як адабиёт барои тоҷики муосир аст.

Лоиқ Шералӣ — Шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии "Нилуфар" — 20 майи соли 1941 дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷиканд дида ба олам кушода, дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам дар гузаштааст.

Вай аз камшумор шоирони муосир аст, ки ҳануз дар ҷавонӣ шеъраш маъруфият пайдо кардаву имрӯз ҳам аз пурхонандатарин ашъор миёни хонандагони тоҷик аст.

Шеърҳои Лоиқ ба забонҳои русӣ, узбакӣ, укроинӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва чанд забони дигари ҷаҳон тарҷума шуда ва маҷмуаъи ашъораш дар хориҷ борҳо интишор ёфтааст.

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Ин мисраъҳои ҷовидона дар санги мазори шоири фақиди тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ, ки агар зинда мебуд имрӯз ба синни мубораки 76 қадам мегузошт, ҳаккокӣ шудааст.

Қаблан, дар санги мазори шоир байт, ки худи шоир барои санги гураш навишта буд, ҷой дошт:

Дар рӯи замин намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

Барчаспҳо:
оромгоҳ, ёдбуд, шеър, Лоиқ Шералӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ