05:47 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Шаҳрдори Душвнбе Рустам Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ

Рустам Эмомалӣ бо маводи мухаддир дар Душанбе мубориза мебарад

© Официальный сайт президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14812

Дар шаҳри Душанбе аз 20-уми май то 30-уми ноябри соли ҷорӣ амалиёти “Кӯкнор - 2017” гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тавре равобити умуми шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, бо мақсади ошкор ва нобуд кардани рустаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвият бахшидан ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт амалиёти "Кӯкнор — 2017" баргузор мешавад.

Маводи мухаддир, акс аз бойгонӣ
Фото предоставлено Федеральной службой РФ по контролю за оборотом наркотиков

Дар амалиёти  мазкур Раёсати вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар шаҳри Душанбе, Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи дувуми Идораи бозҷусти Ожонси назорати маводи мухаддир дар ҳамкорӣ бо Ситоди шаҳрӣ ширкат хоҳанд кард.

Илова бар ин омодасозӣ ва роҳандозии гурӯҳҳои бозҷуст дар қаламрави шаҳри Душанбе дар назар аст.

Чуноне ки дар гузориш гуфта мешавад, дар рафти амалиёт ба масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд кардани рустаниҳои нашъадор, қочоқчиён ва муомилагарони ғайриқонунии маводи мухаддир, равонгардон ва пешмодаҳояшон (прекурсорҳо), ташкил ва нигаҳдории маконҳои истеъмол ва фурӯши онҳо диққати махсус дода мешавад.

Амалиёти дувуми "Кӯкнор — 2017" аз 10-уми сентябр то 10-уми декабри соли ҷорӣ давом мекунад.

Барчаспҳо:
маводи муаддир, қарор, мубориза, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ