22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Берег озера, архивное фото

Ду кӯдак ҳангоми говбонӣ дар “Баҳри тоҷик” ғарқ шуданд

© Фото: Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6801

Ду кӯдаки 8-сола ва 11-сола аз шаҳри Конибодом ҳангоми чарондани говҳо дар канораи обанбор ғарқ шуданд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Чуноне ки дар Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ду кӯдак аз деҳаи дашти Қараянтоқи шаҳри Конибодом ҳангоми говчаронӣ дар канораи обанбори "Баҳри тоҷик" ғарқ шудаанд.

Ҷустуҷӯгарон пас аз дарёфти хабари гум шудани Сардор ва Марат Боймуродов рӯзи 20 май амалиёти ҷустуҷӯиро оғоз карданд ва ҳамон шом ҷасадҳояшонро аз обанбор пайдо карда ба хонаводаашон доданд.

Чуноне ки раиси ҷамоати Ҳамбробоеви шаҳри Конибодом ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Сардор ҳангоми даст шустан дар яке аз дарғотҳо лағжида ба обанбор афтодааст. Додараш Марат фарёди Сардорро шунида ба ёрияш шитобидааст, вале бадбахтона вай ҳам лағжида ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯгарони Ситоди умури изтирорӣ шоми 20-уми май ҷасади ҳар дуяшонро аз "Баҳри тоҷик" ёфта ба хонаводаашон доданд ва рӯзи 21-уми май ба хок супорида шуданд.

Ҳамин гуна ҳодиса 21-уми май бар сари як низомӣ дар мавзеъи Обутобгоҳи кӯли "Лангар" наздики шаҳри Гулистон низ омада буд. Вай мехоста дар обанбор шино кунад ва ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ низ пайдо шуда ва ба мақомоти дахлдор вогузор шудааст.

Ҳамчунин сарнавиште наздик буд ки бар сари Абдумуҳаммад Шоҳов ном бошандаи 18-солаи шаҳри Конибодом ояд, вале хушбахтона наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Ситоди вилоят ӯро наҷот доданд.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ҳамасола барои пешгирӣ аз ингуна пешомадҳо огаҳиномаҳо мунташир карда ва тавзеҳоте ба мардум медиҳад ва дар мавзеъҳое, ки шино мамнуъ аст, нишонаҳо мегузорад. Аммо бархе аз касон ин огаҳиву ҳушдорҳоро нодида мегиранд ва бадбахтона бало ба сарашон меоранд.

Бинобар ин Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин мавсим ҳушёр бошанд ва дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ накунанд.

Барчаспҳо:
баҳр, ғарқ шудан, кудак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ