Рахш тезтактарин асп ва Фирдавс Саломов беҳтарин саворкор дониста шуд

© SputnikСкачки в Душанбе, архивное фото
Скачки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ миёни саворкорни саросари кишвар баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Сабқати аспдавонӣ дар аспреси Наврӯзгоҳ бо ширкати сад саворкор баргузор шуд.

Саворкорон аспресро ҳафт бор ба масофаи 1000, 1600, 2000 метр чарх заданд.

Фирдавс Саломов ва апси ӯ Рахш натиҷаҳои сабқати баҳорӣ, бахшида ба ҷашни Наврӯзро такрор карда, дар ин мусобиқа ҳам мақоми аввалро ба даст овард.

Бузкашӣ: бозии суннатиии тоҷикон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бузкашони тоҷик ба қаҳрамонии ҷаҳон ба Қазоқистон мераванд

Рахш аввалин шуда, дар масофаи 2000 метр ба марра расид. Дуюм аспи Муъмин Ҳоҷибоев —  Достон ва сеюмин шуда аспи Маҳмудҷон Зоидов — Ректор ин масофаро тай кард.

Дар масофаи 1600 метр аспи инглисинажоди Аслам Ҳамроқулов — Фаввора шаҳди пирӯзӣ чашид. Мақоми дувум ва севум насиби Диплом ва Гром шуд. Аз миёни аспҳон тоҷикинажод нахустин шуда Энергетик — апси Рустам Зуҳуров ба марра расид.

Умед Мирзоев — саворкор аз вилояти Хатлон дар масофаи 1000 метр бо аспи инглисинажодаш мақоми аввалро гирифт.

Дувумин шуда Хуршед Сатторов бо Бутсефал ба марра расид. Аспи Усмон Алиев — Фаина бошад, ҷои севумро дар ин масофа аз худ кард.

Аз байни аспҳои тоҷикинажод пирӯзӣ насиби аспи Муъмин Хоҷаев — Лола шуд. Мақоми дувум ва севумро дар ин масофа аз они Приз ва Баглан ном аспҳо шуд.

Лентаи хабарҳо
0