22:25 16 августи 2017
Пахши мустақим
Фаввора назди муҷассамаи Рӯдакӣ, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар вилояти Суғд: роҳбари дастгоҳи раиси вилоят иваз шуд

© Sputnik Фируз Умарзода
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1136 0 0

Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода таъин шуд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад,  имрӯз Хуршед Сатторзода Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Хуршед Сатторзода 29-уми августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат —тоҷик. Маълумоти олӣ дорад.

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ — менеҷер хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти кориро солҳои 2000 — 2003 ба ҳайси муовини сарвари ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Абдуазиз»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст, солҳои 2003 — 2006 дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят кор карда, аз соли 2006 то 2007 дар вазифаи сармутахассиси хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст.

Солҳои 2007 — 2010 ҳамчун сармутахассиси хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурда, солҳои 2010 — 2011 сармутахассиси шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят буд ва аз 1 июни соли 2011 то соли 2014 дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2014 то соли 2017 дар мансаби муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурда, моҳи июни соли равон Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят таъйин гардид.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Хуршед Сатторзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ