12:01 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Дабири кулли СММ

Ҳайрати Дабири кулли СММ аз обшавии пиряхҳои Помир

© Фото: Аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33830

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид зимни боздид аз Тоҷикистон ба кӯли Сарез сафар кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти СММ Антониу Гуттериш дар фазои Помир парвоз карда аз суръати обшавии пиряхҳо дар Помир ҳайратзада шуд.

"Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз тағйироти иқлим дар Тоҷикистон дар ҳайрат уфтод. Наздики 30 дарсади пиряхҳо дар ин кишвар аллакай об шудаанд", — гуфт сухангӯи дабири кулли СММ зимни нишасти матбуотӣ дар Ню — Йорк.

Гуттериш даъват кард, ки барои нигоҳдории иқлим тадбирҳо андешида шавад ва илова намуд, ки инсоният ҳуқуқ надорад, фурсатеро аз даст бидиҳад.

Дирӯз, Антониу Геттериш бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Дар маҷмааи давлатии "Кохи Наврӯз" Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли СММ дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи "Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир" иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавзуъ

Дабири кулли СММ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард
Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд
Барчаспҳо:
обшавии пиряхҳо, боздид, сафар, Антониу Гуттериш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ