11:58 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Аттраксион, акс аз бойгонӣ

Садамаи аттраксион дар яке аз боғҳои шаҳри Душанбе: 10 кас маҷрӯҳ шуданд

© Sputnik / Максим Блинов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28901

Ба гуфтаи шоҳидон дар натиҷаи тасодум дар аттраксион беш аз 10 тан захмҳои гуногун бардоштаанд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТа иттилоъ медиҳад, рӯзи гузашта дар натиҷаи тасодум дар боғи Рӯдакии Душанбе, ки дар назди майдони Рамзи давлатӣ ҷойгир аст, беш аз 10 тан захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар асари тасодум дар як аттраксион беш аз 10 тан захмҳои гуногун бардоштанд. Онҳоро бо дасту пойи шикаста ва захмҳои дигар ба бемористон интиқол додаанд.
Дар ҳоли ҳозир иллати тасодум баррасӣ мешавад, менависад манбаъ.
Барчаспҳо:
аттраксион, захм, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ