15:20 23 июни 2017
Пахши мустақим
Меваҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикон бояд “беҳтарин” ро фаромӯш кунанд

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11202

Маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон корбурди вожаҳои “беҳтарин”, “дорои кайфияти олӣ” ва “арзонтарин”-ро дар огаҳирасонии бозаргонӣ мамнуъ кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун "Дар бораи реклама" ислоҳ шуд.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар муаррифии пешнависи ислоҳи қонун гуфт, ки корбурди вожаҳои "беҳтарин", "дорои кайфияти олӣ" ва "арзонтарин" рақобати фурӯшандаҳоро  носолим мекунад.

Маҷлиси намояндагон бо пазириши ин ислоҳот, ҷой доднаи реклама ё огаҳиҳои бозаргонӣ дар адабиёту воситаҳои таълимӣ низ мамнуъ кард.

Қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешнависи Қонун "Дар бораи реклама" тасвиб карда буд.

Бар асоси қонун, тавлидкунандагони сигору нӯшокиҳои алкулӣ аз ин пас наметавонанд сармоягузори огаҳирасонӣ ё барномаву маросиме бошанд.

Мавзуъ

Нахустин қонуни дармон дар Тоҷикистон тасвиб шуд
ҶТ Созишнома дар бораи савдои озодро тасвиб кард
Қонуни нави шаҳрвандии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Барчаспҳо:
беҳтарин, манъ, Маҷлиси Намояндагон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ