15:09 23 июни 2017
Пахши мустақим
Гармӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳушдори КҲФ: ҳавои Тоҷикистон беҳад гарм мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28701

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро аз гармшавии ҳаво ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Аз 16 то 18-уми июн боду ҳавои ҷумҳурӣ гарм ва хушк мешавад.

Бино ба иттилоъи равобити умумии КҲФ аз 16 то 18-уми июн ҳаво беш аз 40 дараҷа гарм шуда, барфу пиряхҳоро об мекунад ва метавонад муҷиби омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ шавад.

Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат беш аз 40 дараҷа мешавад.

Погода в Таджикистане
© Фото: Агентство по гидрометеорологии РТ
Погода в Таджикистане

 

Кумитаи наҷотдиҳии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Бахусус, ҳангоми гузар кардан аз роҳҳои куҳӣ сайру гашт дар назди ҳавзҳо, обанборҳо ва дарёҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Мавзуъ

Рӯзаи салқин: ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон борон меборад
КҲФ: заминларза дар Тоҷикистон қурбонӣ ва харобӣ дар пай надоштааст
Кормандони КҲФ ронанда ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд
Ҳушдор аз КҲФ: бориши шадид, сел, туфони ғуборолуд, сангрезишу тарма
Барчаспҳо:
беш аз 40 дараҷа, гармӣ, КҲФ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ