20:18 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Телефони мобилӣ

Дар Тоҷикистон фурӯши беш аз ду симкорт ба як муштарӣ мамнуъ шуд

© pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Бино бар муқаррароти нав муштариёни операторҳои мобилӣ аз ин пас барои фарзандони наврасашон танҳо бо пешниҳоди зоднома метавонанд симкорт бихаранд

ДУШАНБЕ, 15 июн —Sputnik. Вазорати умури дохила, Кумитаи амнияти миллӣ, Хадамоти иртиботот ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тасмими гирифтаанд операторҳои мобилии кишварро аз фурӯши беш аз ду симкорт ба як муштарӣ манъ кунанд.

"Бино ба иттилоъоти расмӣ, далели манъи фурӯши беш аз ду симкорт ба як муштарӣ ин аст, ки расонандаҳои хадамоти иртибототи мобилӣ дигар симкори озод надоранд. Ҳамакнун ин ширкатҳо барои ҳар як симкорти фаъолнашуда моҳиёна 80 дирам падохт мекунанд", — тавзеҳ дод яке аз кормандони Хадамоти иртиботот.

Вай гуфт, ки бино бар муқаррароти нав муштариёни операторҳои мобилӣ аз ин пас барои фарзандони наврасашон танҳо бо пешниҳоди зоднома метавонанд симкорт бихаранд. Муштариён метавонанд афзун бар симкорти худашон дуто симкорт ҳам барои фарзандони 15 — 17-солаашон харид кунанд.

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ Мансур Умаров ба хабаргузории РИА Новости гуфта: "Ин тасмим пеш аз ҳама барои таъмини амнияти кишвар гирифта шуда. Аз аввали сол то кунун чанд мавридеро сабт кардаем, ки шаҳрвандон симкортҳои сабтшуда ба номашонро ба табаҳкорон, теруристҳо ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар Афғонистон вогузор кардаанд".

Ба гуфтаи вай, барои вогузории симкорт ба дигар кас шаҳрвандон барои бори аввал ҷарима хоҳанд шуд ва агар ин ҷурмро такрор кунанд — аз як сол то се сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки мушатриёни операторҳои мобилии Тоҷикистон бояд то 1-уми июн симкортҳояшонро дубора сабт мекарданд.

Барчаспҳо:
симкорт, операторҳои мобилӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ