08:43 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ

Шаҳрдори Душанбе ҷовонони минтақаҳои гуногуни кишварро бо пойтахт шинос мекунад

© Официальный сайт президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва "Соли ҷавонон" Роҳнавардии автомобилии ҷавонон зери унвони "Роҳи Ваҳдат" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Тавре дар қарори навбатии шаҳдори Душанбе Рустам Эмомалӣ таҳти № 343 қайд мешавад,  бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва "Соли ҷавонон"  Роҳнавардии автомобили ҷавонон "Роҳи Ваҳдат" баргузор карда  мешавад. Ба ин васила ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар бо пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ошноӣ пайдо хоҳанд кард.

Чуноне ки дар гузориши шаҳрдории Душанбе қайд мегардад, қарори мазкур бо мақсади  таҳкими дӯстию рафоқат ва рушди фарҳанги миллӣ, ҳамзамон густариш бахшидан ба арзишҳои миллӣ, ошноӣ пайдо намудани ҷавонони минтақаҳои гуногун бо пойтахт ба тавсиб расидааст.

Муовинони раиси шаҳр вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба ҷойи хоб таъмин намудани иштирокчиёни Роҳнавардии автомобилии ҷавонон "Роҳи Ваҳдат" тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Илова бар ин, Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳр ва дигар мақомотҳо вазифадор гардиаанд, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон чораҷӯӣ кунанд.
Расонаҳои пойтахт аз рафти баргузор шудани ин маросим гузориш хоҳанд дод.
Барчаспҳо:
Роҳнавардии автомобилӣ, қарор, шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ