22:43 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Гармӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Тоҷикистон то 42 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар наздиктарин рӯзҳо ҳаво дар Тоҷикистон гарм шуда, эҳтимоли об шудани барфу пиряхҳо ва фурӯ рехтани сел дар кӯҳистонҳо бештар хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Бино ба додаҳои бунгоҳи ҳавошиносии Кумитаи муҳити зист ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, 16 — 18-уми июн ҳаво дар кишвар боз гармтар мешавад. Эҳтимол дорад, ки дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм шавад.

Чуноне ки ёвари Ситоди ҳолатҳои фавқуллода Шаҳзода Бутаева ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд ҳаво то 37-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар гармии ҳаво то 40 дараҷа бирасад.

Афзоиши дамои ҳаво дар кӯҳистонҳо об шудани барфҳо, пиряхҳо ва туғёни рӯдхонаҳоро дар пай хоҳад шуд. Эҳтимоли фурӯ рехтани сел, заминлағжиш (ярч) ва сангрезиш низ бештар хоҳад шуд.

Аз ин рӯ Ситоди умури изтирорӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост мекунад дар ин рӯзҳо беш аз пеш эҳтиёткор бошанд.

Бавижа, ҳангоми гузаштан аз роҳҳои куҳӣ ва будубош дар канори кӯлҳо, обанборҳо ва дарёчаҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

Бо фаро расидани тобистон ва бисёр гарм шудани ҳаво шино яке аз тафреҳҳои аслии мардум, бавижа наврасону ҷавонон мешавад. Аммо донистани қоидаҳои шино ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз дужомадҳои нобаюсида пешгирӣ кунад.

Ситоди умури изтирорӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад дар ин рӯзҳои гарми тобистон худро аз нурҳои хуршед эҳтиёт кунанд ва бе зарурат дар кӯчаҳо гаштугузор накунанд.

Барчаспҳо:
баланд шудани ҳарорати ҳаво, КҲФ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ