19:40 18 октябри 2017
Пахши мустақим
Сироҷиддин Аслов, аск аз бойгонӣ

Сироҷиддин Аслов бо Сафири Британияи Кабир мулоқот кард

© Sputnik / Алексей Филиппов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Рӯзи гузашта,  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Филпоттро ба ҳузур пазируфт.

Тавре Вазорати умури хориҷаи кишвар хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва амният изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

Ҳю Филпотт аввалҳои соли 2015 ба фаъолияти сафирии худ дар Тоҷикистон шурӯъ карда буд. Чанде пеш номбурда  гузориши бархе аз расонаҳоро, ки гӯё Ландан Тоҷикистонро "хатарнок барои гардишгарӣ" шумурда бошад, нодуруст хонда буд.

"Мо аз афзоиши теъдоди боздидкунандагон аз Тоҷикистон бисёр шодем ва хушнудем, ки Давлати Тоҷикистон гардишгариро заминасози рушду тавсеъа интихоб кардааст. Ин дастровардҳо сафари гардишгаронро ба Тоҷикистон осон хоҳад кард. Мо ибтикори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон ва гардишгарӣ эълом кардааст, дастгирӣ мекунем ва итминон дорем, ки ин ибтикор дар пешрафти ин риштаи муҳими иқтисод саҳмгузор хоҳад буд. Мо омодаем ки гардишгарони бештареро аз Британиё дар Тоҷикистон пешвоз бигирем", — эълом кард буд вай.
Барчаспҳо:
мулоқот, Ҳю Филпотт, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ