10:02 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Дарёи Вахш

Панҷ наврас дар Суғд ва як духтарча дар ВМКБ аз ғарқшавӣ наҷот ёфт

© Sputnik / Игорь Михалев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
18801

Кормандони Созмони наҷотдиҳӣ панҷ наврасро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як духтарчаи 14 - соларо дар шаҳри Хоруғ аз ғарқшавӣ наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Созмони наҷотдиҳии Тоҷикистон дар давоми як шабонарӯз дар кишвар шаш наврас ҳангоми оббозӣ аз ғарқшавӣ наҷот ёфтанд.

Панҷ нафар наврасон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қоидаҳои оббозиро дағалона нақз карда, қариб буд дар "Баҳри тоҷик" ғарқ шаванд.

Ин бачаҳо шинокунон аз соҳил дур рафта, касбияти баланди наҷотбахшон онҳоро аз марг наҷот дод.

Ҳодисаи ба ҳамин монанд дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рух додааст.

Дар паи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ духтари 14-солаи маҳаллӣ қариб буд дар об ғарқ шавад.

Вай ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи фарҳангиву дилхӯшии шаҳр, бо истифода аз баллони худсохт дуртар аз соҳил рафт. Пас аз чанде баллон чаппагардон шуду духтарча дар об ғарқ шуд.

Бо талоши наҷотдиҳандагон ин духтар аз об берун оварда шуд ва ба ӯ кӯмаки тиббӣ расонида шуд.

Созмони наҷотдиҳии Тоҷикистон аз волидон даъват мекунад, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ фарзандони худро зери назорат гирифта, онҳоро дар назди кӯлҳои шиноварӣ танҳо нагузоранд.

Мавзуъ

Чиро бояд донист, то аз ғарқшавӣ дар об эмин бошед
Тоҷикон наҷот доданро дар Русия ёд хоҳанд гирифт
Кормандони КҲФ ронанда ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода духтари ғарқшударо наҷот дод
Барчаспҳо:
шаш наврас, аз ғарқшавӣ, наҷот додан, Созмони наҷотдиҳӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хоруғ

Мавзӯъҳои асосӣ