20:28 17 августи 2017
Пахши мустақим
Гармӣ. Акс аз бойгонӣ

Рӯзаи тоқатфарсо: ҳаво дар Тоҷикистон то 43 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13110

Созмони наҷотдиҳии Тоҷикистон аз гармшавии ҳаво ва об шудани пиряхову баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи додаҳои Созмони обуҳавошиносӣ дар кишвар ҳавои гарм ҳукмрон мемонад.

Бино ба додаҳои обуҳавошиносон дар Душанбе рӯзҳои наздик ҳаво гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво аз 39 то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Суғд низ ҳамоно ҳаво дамгир боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 40 дараҷа  ва шабона 22 — 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ҳудуди ВМКБ боду ҳавои салқинтар дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ин манотиқ рӯзона то 32 дараҷа гарм шуда, борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавадю

Дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа ҳарорати ҳаво беҳад гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 43 дараҷа ва шабона то 25 дараҷа гарм мешавад.

Погода в Таджикистане
© Фото: Агентство по гидрометеорологии страны
Погода в Таджикистане

Қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон ғарқшавии кӯдакон дар паи шиноварӣ афзудааст. Ҳамин тавр танҳо дар давоми як шабонарӯз наҷотдиҳандагон панҷ наврасро дар вилояти Суғд ва як духтарчаи 14 — соларо дар ВМКБ аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Мавзуъ

Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Тоҷикистон то 42 дараҷа гарм мешавад
Ҳушдор аз КҲФ: бориши шадид, сел, туфони ғуборолуд, сангрезишу тарма
Ҳушдор аз КҲФ: аз сафар худдорӣ кунед, ба ҳезумчинӣ наравед
Панҷ наврас дар Суғд ва як духтарча дар ВМКБ аз ғарқшавӣ наҷот ёфт
Барчаспҳо:
КҲФ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ