15:17 23 июни 2017
Пахши мустақим
Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе

Рустам Эмомалӣ дар Душанбе бузургтарин боғи обӣ ифтитоҳ кард

© Фото: Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
91264

Рӯзи 19 июн раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт маркази истироҳатии "Обшорон" - калонтарин боғи обӣ дар мамлакатро ба баҳрабардорӣ расонд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ дар Душанбе  маркази истироҳатии "Обшорон"ифтитоҳ шуд.

Тибқи маълумоти манбаъ ин марказ аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи обӣ ва шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ иборат аст.

"Обшорон" бо маблағи 63 милюну 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Марказ дар як вақт беш аз 300 нафар истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад.

"Боғи обӣ"-и Душанберо ширкати "Сохтмони махсус" дар ҳамкорӣ бо созмони итолиёвии "Престон ва БарбиерB" ("Preston & Barbieri") сохтаанд.

Рустам Эмомалӣ бо шароити мавҷудаи истироҳату фароғати марказ аз наздик ошно шуда, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум  ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

  • Аквапарк дар Душанбе
    Аквапарк дар Душанбе
    © Фото: Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
  • Бузургтарин боғи обии Душанбе
    Бузургтарин боғи обии Душанбе
    © Фото: Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
  • Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе
    Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе
    © Фото: Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
1 / 3
© Фото: Аз равобити умумии шаҳрдорӣ
Аквапарк дар Душанбе

Гуфта мешавад, ки боғи обӣ беш аз 100 нафар бо кори мавсимӣ таъмин шудаанд.

Раиси шаҳр боварӣ дорад, ки бо бунёди чунин марказҳошумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат беҳтар мешавад.

Мавзуъ

Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе бо рақсу бозӣ мегузаранд
Ободӣ: Рустам Эмомалӣ маркази эпидемиологиро таъмир мекунад
Иҷрои супориши Рустам Эмомалӣ: донишҷӯён кӯчаи Гагаринро побел карданд
Рустам Эмомалӣ баъди шикояти сокинон аз нархи наво ду раиси бозорҳои Душанберо сабукдӯш кард
На аз кисаи волидон: Рустам Эмомалӣ таъмири мактабро бар дӯши раисони ноҳия вогузошт
Барчаспҳо:
ифтитоҳи маркази истироҳатӣ, Рустам Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ