09:04 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Борон дар кӯчаҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ

Рӯзаи серун: имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31732

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва дар бархе аз минтақаҳо борон пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бар асоси пешгӯии созмони ҳавошиносӣ, имрӯз дар ВМКБ борон меборад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11 — 16 ва рӯзона 27 — 32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 20 — 25 ва рӯзона 38 — 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 20 — 25 ва рӯзона 37 — 42 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеъи марказ ҳаво абрнок гардида, дар бархе аз ноҳияҳо бориши борон дар назар аст.

Ҳаво дар водиҳо шабона то 16 — 25 ва рӯзона то 36 — 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 17 — 19 ва рӯзона 38 — 40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Мавзуъ

Рӯзаи салқин: ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон борон меборад
Рӯзаи донишҷӯёни тоҷик дар Маскав: тӯлонӣ, вале салқин
Барчаспҳо:
ҳавои тағйирёбанда, боронӣ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ