Беш аз ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар панҷ моҳ

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкТаможенный пост, архивное фото
Таможенный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар зарфи панҷ моҳи соли 2017 1 ҳазору 811 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тавре равобити умуми хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, танҳо дар панҷ моҳи охири солли ҷорӣ дар кишвар зиёда аз ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шуд.

Ааз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифта шуда, дар 43 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки 4 ҳолати он ба қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, 27 ҳолаташ ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 12 ҳолати дигари ҷиноятҳо марбут ба фаъолияти гумрукӣ мебошанд.

Ҳабҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти гумрук: 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ нобуд карда шуданд

Аз онҳо, 18 парванда ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, 8 парванда ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, 2 парванда ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва 15 парванда ба Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқваронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук рост меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра 4 ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори умумии 24 килограмму 20 грамм ба қайд гирифта шудааст, ки 58,3 грамм — афюн, 20 килограмму 56 грамм "ҳашиш" ва 3 килограмму 905 грамм моддаи психотропии "метамфетамин" ташкил менамояд.

Нисбат ба боқимонда 1 ҳазору 768 ҳолати дигар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1 ҳазору 521 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз ин миқдор 1 ҳазору 495 адад парвандаҳо баррасӣ ва ба маблағи 2 миллиону 414 ҳазору 550 сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст.

Барои баррасӣ 1 ҳазору 48 адад парвандаҳо ба мақомоти судӣ ирсол гардида, ба маблағи 2 миллиону 980 ҳазору 567 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуд ва ба маблағи 681 ҳазору 588 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0